ГУФТОР АНДАР ТАЪРИХИ КИТОБ
Ниҳодам ин китоби рӯҳпарвар,
Кушодам бар дили аҳли хирад дар.
Ба шеъри хуби ширин ҷон физоям,
Ба ҳикмат дар сухан мӯъҷиз намоям.
Чу дарёе, ки бошад оби ӯ х(в)аш,
Чу олӣ осмоне хубу дилкаш.
Мар-инро «Рӯшноинома» ном аст,
Хирадро равшаноӣ аз калом аст.
Ба соли чорсад, се бист бар сар,
Ки ҳиҷрат кард он рӯҳи мутаҳҳар.
Муҳаммад, он ки аз мо бод падруд,
Равонро раҳнамои ҷаннат ӯ буд.
Расида ҷирми Хур дар бурҷи Моҳӣ,
Гирифта дар ҳамал Маҳ подшоҳӣ.
Маҳи шавволро рӯзи нахустин,
Қирони ахтарон дар бурҷи Шоҳин,
Ки кардам хатми ин фархунда дафтар,
Бурун овардам ин покиза гавҳар.
Ба як ҳафта расонидам ба охир
Мақолоти муқаддасро ба зоҳир.
Басе буданд андар шоирӣ фаҳл,
Ки будӣ шеърашон чун зодаи наҳл.
Басе гуфтанд ашъори диловез,
Басе карданд дар маънӣ шакаррез.
Кас ин маънӣ ба дил-андар наёвард
В-агар овард, дар хотир наёвард.
Худо донад, ки ин навбова бикр аст,
Зи ман зодасту ӯро доя фикр аст.
Ба ҷуз ман рӯи ӯро кас надидаст,
На дасти ҳеч кас бар вай расидаст.
Касеро роҳ нанмуд ин ҳидоят,
Ҳамин дафтар гувоҳи ман кифоят.