МУНОҶОТ БА ДАРГОҲИ ҚОЗИЮЛҲОҶОТ
Худовандо, маро тавфиқ додӣ,
Дари маънӣ ба рӯи ман кушодӣ.
Бар ин бехи дилам аз оби раҳмат
Фурӯ боридаӣ борони ҳикмат.
Чунин ҳикмат куҷо андоза дорад,
Ки ҷони ошиқонро тоза дорад?
Сипосу шукрат, эй донои зулман,
Ки бикрий тоза пайдо кардӣ аз ман.
Ба сад поя маро рутбат фузудӣ,
Раҳи таҷриду таҳқиқам намудӣ.
Агар саҳве бирафт аз мо, афу кун,
Дарида пардаи корам руфу кун.
Ба ҷуду фазли Худ бар ман бибахшой,
Равонамро ба маъниҳо биорой.
Агар бирҳонӣ аз табъу ҳавосам,
Бувад бар сар намудан сад сипосам.
Нигоҳ дорӣ ту, гӯёи аналҳақ,
Забони нуктагӯямро зи ноҳақ.
Сухан дар хотири мо рост бингор,
Хаторо бар забони банда магзор.
Зи сирри ақл воқиф шуд равонам,
Бидонистам, ки ман чизе надонам.
Бад-ин нодонию аҷзам бибахшой,
Маро, аз фазл роҳи рост бинмой.
Зи шарри нафсу ғавғои шаётин
Ағиснӣ, ё ғиёсулмустағисин.
Аё Носир, ту дар роҳи Худованд
Умеди раҳматаш бар хеш пайванд.