Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби аввал — ДАР ТАСЛИМ

Дило, ҳамвора таслими ризо бош, Ба ҳар ҳоле, ки бошӣ, бо Худо бош. Худоро дон, Худоро хон ба ҳар кор, Мадон ту ёваронро беҳ аз ӯ ёр. Чу Ҳақ бахшад кулоҳи сарбаландӣ, Ту дил бар дигаре баҳри чӣ бандӣ? Худоро бош, агар марди Худоӣ, Макун бегонагӣ, гар ошноӣ. Ҳадиси дӯзаху ҷаннат раҳо кун, Парастиш хос аз баҳри Худо кун. Туро бар ҳар ду гетӣ баргузидаст, Ҳам охир баҳри коре офаридаст. Зи ту ҷуз бандагӣ кардан набояд, Аз ӯ худ ҷуз худовандӣ наёяд. Бар ин дар ҳеч икроҳе набошад, В-аз ин беҳ ҳеч даргоҳе набошад. Агар лофе занӣ ҳам, лофи дин зан, Ҳамеша даст дар ҳаблулматин зан. Ба ҳар коре мададгорат Худо бод, Далели роҳи динат Мустафо бод!