Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби дувум — ДАР НЕКХОҲӢ

Дило, пандам ниюшу дил дар ӯ банд, Зи ту тавба, зи пирони куҳан панд. Азеро, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ, Макун коре, ки боз орад табоҳӣ. Макун коре, ки аз нангу надомат Сияҳрӯӣ кашӣ андар қиёмат. Макун аз ҳоли мискинон фаромӯш, Чу дорӣ мояе, дар илми дин кӯш. Даруни дардмандон шод медор, Зи рӯзи бозгаштан ёд медор. Чу дар некӣ ризои кирдгор аст, Беҳ аз некӣ, назар кун, то чӣ кор аст? Чу аз сӯҳбат кунад бар нафс таъсир, Ба сӯҳбат дӯстони мӯътабар гир. Дилатро рост кун, гар росткорӣ, Ки ҳаст аз росткорӣ растагорӣ. Зи омӯзанда панди нек баргир, Зи некӣ, гар бадат ояд, маро гир.