Боби чаҳорум — ДАР БУРДБОРӢ
Ба кас мапсанд, он ч-ат нописанд аст,
Ки воҷиб куштани мор аз газанд аст.
Машав касро ба кин хонабарандоз,
Ки ҳар кас бад кунад, ёбад бадӣ боз!
Макун ширин ба дил моли ятимон,
Ки аз молат бикоҳад, ҳам зи имон.
Ту бо халқи Худо хуш бошу хуш гӯ,
Ки хун аз парвариш шуд мушки хушбӯ.
Гузар аз тундию аз тундхӯӣ,
Тавозӯъ пеша гиру тозарӯӣ.
Гиреҳ бо ҳар касе мафкан бар абрӯ,
Чӣ бадтар бошад аз табъи турушрӯ?
Мапиндор, аз лаби хандон зиён аст,
Ки хандонрӯй аз аҳли ҷинон аст.
Фурӯ хур хашм андар гоҳи гармӣ,
Зи мӯъмин хуш бувад чарбию нармӣ.
Машав ғарра ба зӯру бозуи хеш,
Ки бошад зӯри бозуҳо аз ин беш.
Ҳалимӣ кун чу доно дар гаҳи танг,
Гарат бар сар бигардад осиёсанг.