Боби панҷум — ДАР БАЁНИ ҶОҲИЛ ВА НОҶИНС
Бибур аз ҷоҳил, арчи хеш бошад,
Ки ранҷи вай зи роҳат беш бошад.
Зи нодону зи ноҷинсу зи нокас
Ба шаб бигрез, мангар ҳеч дар пас.
Макун дил хуш ба суди бегаронаш,
Ки сад судаш наярзад як зиёнаш.
Макун коре, ки на кори ту бошад,
К-аз он дар ҳар дил озори ту бошад.
Ҳазар аз молдори пуртакаббур,
Ки мабраз гандатар гардад, чу шуд пур.
Табарро кун зи ҳар бадфеълу бадном,
Ки бадномат кунад чун худ саранҷом.
Мабош эмин зи ҳар роҳеву гоҳе,
Ки душман барканад кӯҳе ба коҳе.
Макан соҳиб сар аз наммому ғаммоз,
Бикаш доман зи дузди хонапардоз.
Мабош эмин зи дасту чашми таррор,
Ҳама кас дузд дон, коло нигаҳ дор.
Макун ҳамроҳии кас н-озмуда,
Тафовут дон зи дида то шунуда,
Мунофиқро мадон ёри мувофиқ.
Мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ!