Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби шашум — ДАР ГУФТУШУНУД ВА ПАНД ШУНУДАН

Сухан дониста гӯ, чизе, ки гӯӣ, Худ он дониста беҳтар, ар нагӯӣ. Ба майдони фасоҳат чун дароӣ, Марон бас гарм, то дар сар наёӣ. Магӯ чизе бар аҳли рӯзгорат, Ки чун пурсад аз ту рӯзе кирдгорат. Сухан бишнав зи лафзи ҳар сухангӯй, Аз он соне, ки хуш ояд, чунон гӯй. Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд, Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд. Макун бо хусравон густохбозӣ, Забон ҳуш дор, то сар дарнабозӣ. Сухан ногуфта бошад кай чу гуфта, Чу шуд гуфта, куҷо монад ниҳуфта? Ба ҳар гуфтор манмо пешдастӣ, Магӯ ногуфтаниҳо, рав, ки растӣ. Ҳамеша машварат бо дӯстон кун, Зи душман рози дил доим ниҳон кун. Ба гуфти зан макун кор, эй ҷавонмард, Ки зан хандад ба ришу сиблати мард.