Боби ҳафтум — ДАР ДӮСТӢЮ ВАФОВУ ДУШМАНӢ
Чу хоҳӣ кард бо кас душманӣ соз,
Маяфкан дӯстӣ бо ӯ зи оғоз.
Фикандан дӯстӣ бо кас салим аст,
Вафо бурдан ба сар кори азим аст.
Маранҷон кас, махоҳаш узр аз пас,
Ки бадкорӣ бувад озурдани кас.
Ки ранҷонидани кас ҳаст осон,
Ба даст оварданаш душвор медон.
Макун қасди ҷафо, гар бовафоӣ,
Зи сагтабъӣ бувад гургошноӣ.
Дари ганҷи маишат созгорист,
Калиди боби ҷаннат бурдборист.
Зи тавфиқ он калид ар даррабоӣ,
Ҳама дарҳои баста вокушоӣ.
Чу натвонӣ илоҷи дарди кас кард,
Маяфзо аз ҷафояш дард бар дард.
Синони ҷавр бар дилреш кам зан,
Чу марҳам менадорӣ, неш кам зан!
Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош,
Набояд дев будан, одамӣ бош!