Боби ҳаштум — ДАР ТАМАЪ ВА ХОРӢ
Тамаъ дар ҳар чӣ бастӣ, пой бастӣ,
Чу даст аз ҷумла шустӣ, рав, ки растӣ.
Тамаъ бисёр кардан хорӣ орад,
Натиҷа хорияш ғамхорӣ орад.
Мадор аз кас тамаъ ҳар дам ба чизе,
Шавад хор аз таваққӯъ ҳар азизе.
Тамаъ орад ба рӯи мард зардӣ,
Тамаъро сар бибур гар марди мардӣ.
Ҳар он сахтӣ, ки бо ту рӯй бинмуд,
Гар осон гирияш, осон шавад зуд.
Ба ҳар боде маҷунб аз ҷой чун бед,
Батамкин бош ҳамчун Моҳу Хуршед.
Ба ҳар ранҷе дили худ ранҷа дорӣ,
Наёбӣ ҳаргиз аз ғам худ раҳоӣ.
Чу мардон пой муҳкам неҳ дар ин роҳ,
Зи озу орзу кун даст кӯтоҳ.
Қаноат кун ба нони хушкаи хеш,
Чу кардӣ, аз бурути сифла м-андеш.
Хунук боре бувад бори қаноат,
Куҷо бошад чу бозори қаноат?
Паи нафъ ихтилоти сифла магзин,
Ки дунёят наяфзояд, равад дин.
Тамаъ дорӣ, саги ҳар тиракешӣ,
Чу бибридӣ тамаъ, султони хешӣ!