Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби нуҳум — ДАР ЭҲСОН

Паи нафъ ихтилоти сифла магзин, Ки дунёӣ биафзояд, равад дин. Ба бахшиш кӯш, то дастат шавад пур, Макун бар кас ба симу зар тафохур. Бидеҳ, чун дод неъмат кирдгорат, Ки надҳад баҳри ту меросхорат. Ба Яздон деҳ, чу дар бахшиш шитобӣ, Ба Яздон ҳар чӣ бидҳӣ, бозёбӣ. Баровар ҳоҷати дарвеши дилреш, Битарс аз рӯзи ҳоҷатмандии хеш. Ҷавонмардӣ саодатро далел аст, Зи ҳар кас ин сифат н-ояд, бахил аст. Сахитабъ эмин аст аз дӯзаху нор, Бахил андар сақар гардад гирифтор. Сазад дар хона, гар ноне надорӣ, Ки дар баста ба меҳмоне гузорӣ. Чӣ бадтар: дар карам таъхир кардан. Чӣ беҳтар: гурсунаро сер кардан. Махӯр ғам баҳри ризқу рӯзии ӯ, Ки бо ҳар кас равон шуд рӯзии ӯ. Ба тобистон бидеҳ ту кӯзаи об, Зимистон оташеву мавзеи хоб.