Боби даҳум — ДАР РОҲАТ РАСОНИДАН ВА НЕКӮӢ ХОСТАН
Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,
Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор!
Ба корафтода коромӯз мебош,
Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ӯ ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.
Бипӯй андар ҷавонӣ роҳи Яздон,
Ҷавон беҳтар худотарсу худодон.
Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки гар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.
Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некрӯӣ.