Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби ёздаҳум — ДАР ИХТИЛОТ БО МАРДУМИ ДОНО

Саодат ихтилоти зиракон аст, Зи нодон гар расад суде, зиён аст. Ба доноён даме арзад ҷаҳоне, Наярзад сад сари нодон ба ноне. Мабур аз сӯҳбати доно, ки дониш Кунад таъсир бар ту аз забонаш. Зи донишпарварон дониш пазирад, Чу шамъе, к-он зи шамъе нур гирад. Ба лутф аз хеш беҳтар ҷӯ ҳарифат, Ки ҳамчун хеш гардонад зарифат. Биёмӯз, он чи нашносӣ ту зинҳор, Ки бар кас нест аз омӯхтан ор. Ба шогирдӣ ҳар он-к ӯ шод гардад, Бувад, рӯзе ки худ устод гардад. Саги устодро сайдаш ҳалол аст, Зи ҷоҳил куштани ҳайвон вубол аст, Дар он кун ҷаҳд, то дониш пазирӣ, Ки нодон хезию нодон бимирӣ. Банӣ Одам агар раҳдон набудӣ, Умураш бар ҳама ҳайвон набудӣ.