Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби дувоздаҳум — ДАР БУРИДАН АЗ НОДОН

Аз эшонанд канносу гулобӣ, Вале з-ин бӯву з-он як ганд ёбӣ. Чӣ хуш гуфт он хирадманди сухандон, Ки рӯй аз сӯҳбати нодон бигардон. Дарахти унси нодон бар наёрад, Ҳузураш ҷуз ки дарди сар наёрад. Зиён пайдо кунад, гар суд хоҳад, Бидорад бар шар, ар беҳбуд хоҳад. Касе чун умр бо нодон ба сар бурд, Баду нодон бимонду мурд, чун мурд. Чун аз ту мегузорад давр соқӣ, Ғанимат дон дурӯза умри боқӣ. Басе сарҳо фурӯ рафт андар ин давр, Дар ин қулзум нишон надҳад кас аз ғавр. Туро асбоби атторӣ фаровон, Ту канносӣ кунӣ, касро чӣ товон? Кунун дарёб, агар тавфиқ дорӣ, Ки натвонӣ гузашта боз орӣ. Магӯ, к-аз сӯҳбати доно зиён аст, Ту гар донӣ, зи умрат ҳосил он аст.