Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби сездаҳум — ДАР ШУРӮЪ ВА ИҶТИНОБ АЗ КОРҲО

Дурӯза умр дар дунёи фонӣ, Накӯ кун хӯю хулқу зиндагонӣ. Ба ҳар коре сари ришта нигаҳ дор, Инон якборагӣ аз даст магзор. Ба ҳар коре, ки хоҳӣ кард мадхал, Нигаҳ кун охири кораш дар аввал. Мабош эмин зи ҳар роҳею гоҳе, Ки душман барканад кӯҳе ба коҳе. Ба ҳар ҷое, ки хоҳӣ дар шуданро, Нигаҳ кун роҳи берун омаданро. Махусб, арчи ба хобат майл бошад, Ба ҳар ҷо раҳгузори сайл бошад. Шиновар бош аз ҳар об магзар, Ки андар об пур мирад шиновар. Ба гуфтори занон ҳаргиз макун кор, Занонро, то тавонӣ, мурда ангор. Занон чун ноқисони ақлу динанд, Чаро мардон раҳи эшон гузинанд? Ба пирони забун кун дастгирӣ, Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.