Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби чаҳордаҳум — ДАР ДОНИСТАНИ ҶОЙ МИЁНИ АНҶУМАН

Бидон худро миёни анҷуман ҷой, Макаш беш аз гилеми хештан пой. Машав бартарнишин аз пояи хеш, Талаб кун ҷинси худ ҳамсояи хеш. Ба ҷои худ нишин з-он беҳ, ки хонанд Зи боло боз дар зерат нишонанд. Басо байдақ, ки чун хурдӣ пазирад, Ба охир мансаби фарзин бигирад. Нигаҳ дор аз пароканда забонро, Маяфган дар ҳалокат ҷисму ҷонро. Зи ҳазлу лоғи ту озор хезад, Мазоҳи сард оби рӯ бирезад. Чу шаҳ гирад туро дар сояи хеш, Нигаҳ дорӣ дар он дам пояи хеш. Бувад дар хашми шаҳ оташфурӯзӣ, Марав наздики оташ, то насӯзӣ. Аҷаб корест кори подшоҳӣ, Дар ӯ ҳам қаҳру ҳам лутфи илоҳӣ. Гаҳе нӯш аст бар каф, гоҳ заҳр аст, Гаҳе лутф аст ҳамраҳ, гоҳ қаҳр аст.