Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: Саодатнома

Шеърҳои марбут ба теги «Саодатнома» дар сомонаи «Шоирон».

Боби сиюм — ДАР ХАТМИ КИТОБ

Носири Хусрав

Бигуфтам байт сесад аз дили пок, Ҳама дӯшизагони табъу идрок. Касе, к-аз ғафлаташ пунба-ст дар гӯш, Чу бархонад, кунад аз дил фаромӯш.

Боби бисту нуҳум — ДАР ҚАНОАТ

Носири Хусрав

Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат, Ғаниҳол аст марди ин бизоат. Ҳамегӯям ман, инро чорае нест, Ки чун ман дар ҷаҳон бечорае нест.

Боби бисту ҳаштум — ДАР МАЗАММАТИ МУЛУК ВА УМАРО

Носири Хусрав

Чи нохуб аст дидори бузургон, Шудан чун Юсуф андар чанги гургон. Ҳама худ бадтар аз Фиръавни мағрур, Чу Намруд аз пари як пашша ранҷур.

Боби бисту ҳафтум — ДАР БЕВАФОИИ ДУНЁ

Носири Хусрав

Басо шоҳони боҳашмат, ки дидем, Ба ғайр аз он ки дар дафтар шунидем, Ҳама дар хок рафтанду ғунуданд, Ту гӯӣ, дар ҷаҳон ҳаргиз набуданд,

Боби бисту шашум — ДАР ТАҶАРРУД

Носири Хусрав

Чӣ бандӣ дар работи пурхатар дил, Мусофир то ба кай монӣ ба манзил? Пул аст ин даҳру ту бар вай равонӣ, Насозад хона бар пул корвонӣ.

Боби биступанҷум — ДАР БАЁНИ ҲАЁВУ АҚЛУ ИМОН

Носири Хусрав

Ҳаё асл аст андар зоти инсон, Ки дорад одамиро одамисон. Ҳаёву ақлу имонанд бо ҳам Зи якдигар ҷудо набванд як дам.

Боби бисту чаҳорум — ДАР МАНОҚИБИ АНБИЁВУ АВЛИЁ ВА ҲУКАМО

Носири Хусрав

Се қавм андар ҷаҳон ашрафтаринанд Зи мардум, он чи хосонанд, инанд: Нахустин поя бартар анбиёрост В-аз ин поя фурӯтар авлиёрост.

Боби бистусеюм — ДАР ҲАҚҚИ КИШОВАРЗОН

Носири Хусрав

Беҳ аз санноъи олам деҳқон аст, Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст. Зи сонеъ ройгон нафъе нахезад, Зи деҳқон оқибат чизе бирезад.

Боби бистудувум — ДАР САНЪАТВАРОН

Носири Хусрав

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест, Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест. Ба рӯз андар паи сомони хеш аст, Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст.

Боби бистуякум — ДАР НАФСИ БАД ВА РИБОХОРОН

Носири Хусрав

Рибохорон зи аҳли нор бошанд, Куҷо аз хулд бархурдор бошанд. Бувад бо ҳар азиз аҳли рибо хор, Шараф дорад басе саг бар рибохор.

Боби бистум — ДАР ҚАРЗ ДОДАН ВА ГИРИФТАН

Носири Хусрав

Зи навкиса макун ҳаргиз дирам вом, Ки расвоиву ҷанг орад саранҷом. Мадеҳ зар бегарав, гар подшоҳӣ, Ки душман гардадат, гар боз хоҳӣ.

Боби нуздаҳум — ДАР ФАРҚИ ДӮСТ ВА ДУШМАН

Носири Хусрав

Бибояд фарқ кардан душман аз дӯст, Ки донистан зи душман дӯст некӯст. Куҷо душман сиришти дӯст бошад, Ки мағзи дӯстӣ бепӯст бошад.

Боби ҳаждаҳум — ДАР ЁРИ МУВОФИҚ ВА ВАФО НАМУДАН

Носири Хусрав

Дило, ёре талаб, гар метавонӣ, Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ. Кадомин дӯст, к-ӯ бо дӯст нозад, Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.

Боби ҳафтдаҳум — ДАР ДАЪВИДОРОНИ МУҚАЛЛИД

Носири Хусрав

Чу ганҷанд он азизон дар харобӣ, Талаб кун ганҷи пинҳон, то биёбӣ. Зи нешаш чунки тан осуда дорад, Ки доим неши заҳролуда дорад.

Боби шонздаҳум — ДАР БАЁНИ СОЛИКОНИ МУҲАҚҚАҚ

Носири Хусрав

Чӣ донӣ кист дар кунҷи харобот, Зи сӯзи дардмандон дар муноҷот. Далелоне, ки биноёни роҳанд, Сарири масканатро подшоҳанд.

Боби понздаҳум — ДАР ШУКРИ ДАРВЕШОН ДАР ФАҚР

Носири Хусрав

Раҳи фақр аст роҳи босаломат, Барӣ аз шарру эмин аз маломат. Хилофи сар бузургӣ кун ба хурдӣ, Дар ин раҳ по ниҳодӣ, даст бурдӣ.

Боби чаҳордаҳум — ДАР ДОНИСТАНИ ҶОЙ МИЁНИ АНҶУМАН

Носири Хусрав

Бидон худро миёни анҷуман ҷой, Макаш беш аз гилеми хештан пой. Машав бартарнишин аз пояи хеш, Талаб кун ҷинси худ ҳамсояи хеш.

Боби сездаҳум — ДАР ШУРӮЪ ВА ИҶТИНОБ АЗ КОРҲО

Носири Хусрав

Дурӯза умр дар дунёи фонӣ, Накӯ кун хӯю хулқу зиндагонӣ. Ба ҳар коре сари ришта нигаҳ дор, Инон якборагӣ аз даст магзор.

Боби дувоздаҳум — ДАР БУРИДАН АЗ НОДОН

Носири Хусрав

Аз эшонанд канносу гулобӣ, Вале з-ин бӯву з-он як ганд ёбӣ. Чӣ хуш гуфт он хирадманди сухандон, Ки рӯй аз сӯҳбати нодон бигардон.

Боби ёздаҳум — ДАР ИХТИЛОТ БО МАРДУМИ ДОНО

Носири Хусрав

Саодат ихтилоти зиракон аст, Зи нодон гар расад суде, зиён аст. Ба доноён даме арзад ҷаҳоне, Наярзад сад сари нодон ба ноне.

Боби даҳум — ДАР РОҲАТ РАСОНИДАН ВА НЕКӮӢ ХОСТАН

Носири Хусрав

Беҳин коре, ки андар зиндагонист, Накӯхоҳӣ, ба кас роҳатрасонист. Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош, Накӯхоҳу ба кас роҳатрасон бош.

Боби нуҳум — ДАР ЭҲСОН

Носири Хусрав

Паи нафъ ихтилоти сифла магзин, Ки дунёӣ биафзояд, равад дин. Ба бахшиш кӯш, то дастат шавад пур, Макун бар кас ба симу зар тафохур.

Боби ҳаштум — ДАР ТАМАЪ ВА ХОРӢ

Носири Хусрав

Тамаъ дар ҳар чӣ бастӣ, пой бастӣ, Чу даст аз ҷумла шустӣ, рав, ки растӣ. Тамаъ бисёр кардан хорӣ орад, Натиҷа хорияш ғамхорӣ орад.

Боби ҳафтум — ДАР ДӮСТӢЮ ВАФОВУ ДУШМАНӢ

Носири Хусрав

Чу хоҳӣ кард бо кас душманӣ соз, Маяфкан дӯстӣ бо ӯ зи оғоз. Фикандан дӯстӣ бо кас салим аст, Вафо бурдан ба сар кори азим аст.

Боби шашум — ДАР ГУФТУШУНУД ВА ПАНД ШУНУДАН

Носири Хусрав

Сухан дониста гӯ, чизе, ки гӯӣ, Худ он дониста беҳтар, ар нагӯӣ. Ба майдони фасоҳат чун дароӣ, Марон бас гарм, то дар сар наёӣ.

Саҳифаи 1 аз 2