Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бистум — ДАР ҚАРЗ ДОДАН ВА ГИРИФТАН

Зи навкиса макун ҳаргиз дирам вом, Ки расвоиву ҷанг орад саранҷом. Мадеҳ зар бегарав, гар подшоҳӣ, Ки душман гардадат, гар боз хоҳӣ. Бувад як ранҷиш аз ёдоварий зар, Садаш ранҷиш, ки гӯӣ зар биёвар. Мадеҳ зар бе гаравгон, нест беҳбуд, Ба шарти он ки бистонӣ аз ӯ зуд. Ту гар қарзе ситонӣ, ҳам бар он бош, Чу корат карда ояд, дар амон бош. Чу меҳмон оядат, дилшод мебош, Зи ҳар банди ғаме озод мебош. Манеҳ миннат, чу бар хони ту бошад, К-аз он шукрона дар ҷони ту бошад. Зи хони дигарон бахшиш ба ҳадд кун, Ҷавонмардӣ зи хону нони х(в)ад кун. Зи моли худ расон касро наволе, Ба сайди шер даргунҷад шағоле, Ки симе, к-ӯ пас аз имсок бошад, Пас аз маргаш ба зери хок бошад. Макун баста, чу Ҳақ дар бар ту бикшод, Ки чун хоҳад, равад чун хок бар бод.