Боби бистуякум — ДАР НАФСИ БАД ВА РИБОХОРОН
Рибохорон зи аҳли нор бошанд,
Куҷо аз хулд бархурдор бошанд.
Бувад бо ҳар азиз аҳли рибо хор,
Шараф дорад басе саг бар рибохор.
Чӣ имон хоҳӣ он касро, ки хоҳад,
Ки то ноне хӯрад, ҷонаш бикоҳад.
Бад-он, то худ бувад дар роҳату ноз,
Кунад дарвешро хонабарандоз.
Басо мумсик, ки неъмат ҷамъ овард,
Ки мурду қаҳбааш бо дигаре х(в)ард.
Бисозад судхӯр дар подшоӣ,
Пас аз вай карда фарзандон гадоӣ.
Рибохӯрро сабук давлат сар ояд,
В-агар хайре кунад, кай дархӯр ояд.
Махӯр нонаш, агарчи нафъи ҷон аст,
Ки гирдовардаи хуни касон аст.
Замину чарх бооранд аз вай,
Худову халқ безоранд аз вай.
Агар сад сол дар дӯзах нишинад,
Зи Молик ғайри озурдан набинад.