Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бистудувум — ДАР САНЪАТВАРОН

Беҳ аз сонеъ ба гетӣ муқбиле нест, Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест. Ба рӯз андар паи сомони хеш аст, Чу шаб дар хона шуд, султони хеш аст. Хӯрад бешу кам он моя, ки хоҳад, Ба рӯз афзояд, он-ч аз вай бикоҳад. Бибур аз сӯҳбати ҳар дуну ҳар хас, Таносуда зи биму миннати кас. Ба бозу ҳосил орад қути фарзанд, Хӯрад хуш бо аёлу хешу пайванд. Расад сад баркат аз касби ҳалолаш, Бияфзояд Худо дар касбу молаш. Чу шаб шуд, хуфта эмин дар шаби тор, Чу рӯз ояд, равад боз аз паи кор. Ба тоъат то зи мустақбал ба мозӣ, Худо розӣ аз ӯ, ҳам халқ розӣ. Зи касби даст набвад ҳеч оре, Беҳ аз максаб набошад ҳеч коре. Сари сонеъ ба гардун бас фароз аст, Салотинро ба санноъон ниёз аст.