Боби бистусеюм — ДАР ҲАҚҚИ КИШОВАРЗОН
Беҳ аз санноъи олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Зи сонеъ ройгон нафъе нахезад,
Зи деҳқон оқибат чизе бирезад.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бустон аст.
Аз ин беҳ бо банӣ Одам чӣ кор аст?
К-аз Одам дар ҷаҳон ин ёдгор аст.
Ба роҳат розиқи ҳар мору мӯранд,
Ҳама гар одамию гар сутуранд.
Ба кор-андар ҳама мардони коранд,
Арақ резанду қути халқ коранд.
Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,
Чароғи дилфурӯзӣ дар даҳ ангушт.
Ба дунё оқилона тухм киштанд,
Ба уқбо ҷумла дар боғи биҳиштанд.
Агар деҳқон чунон бошад, ки бояд,
Сабук гӯй аз малоик даррабояд.
Агар ҷӯёи қаҳти нон набошад,
Касеро пояи деҳқон набошад.