Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бисту чаҳорум — ДАР МАНОҚИБИ АНБИЁВУ АВЛИЁ ВА ҲУКАМО

Се қавм андар ҷаҳон ашрафтаринанд Зи мардум, он чи хосонанд, инанд: Нахустин поя бартар анбиёрост В-аз ин поя фурӯтар авлиёрост. Сеюм поя ҳакимони ҷаҳонанд, Ки аспи дониш аз гардун ҷаҳонанд. Дигар бошад авоммуннос мардум, Ба захми якдигар чун мору каждум. Бузурганд анбиёи баргузида, Ҳар он чӣ гуфта, аз раҳмон шунида. Сӯи Ҳаққуляқин раҳ анбиёрост, Камоли маърифат мар-Мустафорост. Надорад з-анбиё кас пояи ӯ, Шараф гирад ду кавн аз сояи ӯ. Бад-он поя расидан нест касро, Ба ҳарза кас напаймояд ҳавасро. Валекин авлиёро ғайр аз ин аст, Мар-эшонро вараъ айнуляқин аст. Раҳе, к-онҳо ба дида пок карданд, Ҳакимон он ба илм идрок карданд. Чу Ҳуҷҷат бош дар ҳикмат сарафроз, Ба ганҷи маърифат доим сар афроз.