Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби биступанҷум — ДАР БАЁНИ ҲАЁВУ АҚЛУ ИМОН

Ҳаё асл аст андар зоти инсон, Ки дорад одамиро одамисон. Ҳаёву ақлу имонанд бо ҳам Зи якдигар ҷудо набванд як дам. Намуд Эзид ба меъроҷ ошкоро Ҳаёву ақлу имон Мустафоро. Ишорат ёфт аз нури илоҳӣ, К-аз ин се чиз бигзин, он чӣ хоҳӣ. Чу бишнид ин хитоб аз кирдгор ӯ, Аз ин се ақлро кард ихтиёр ӯ. Бигуфт имон, ки бо ақлам гарав дон, Ҳаё гуфто, набошам дур аз имон. Чу хоҷа бозгашт, омад зи даргоҳ, Ҳаёву ақлу имонаш ба ҳамроҳ. Ҳаё пеш ор, агар имон-т бояд, Ки имон бе ҳаё кай рух намояд? Касе, к-аш ҳаст бо ақл ошноӣ, Куҷо тан дардиҳад дар беҳаёӣ? Ҳаё бояд, ки дорад одамизод, Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!