Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бисту шашум — ДАР ТАҶАРРУД

Чӣ бандӣ дар работи пурхатар дил, Мусофир то ба кай монӣ ба манзил? Пул аст ин даҳру ту бар вай равонӣ, Насозад хона бар пул корвонӣ. Чӣ хоҳӣ з-ин сарои орият бурд, Ба ҷуз ду газ кафанро кай тавон бурд? Чу хоҳӣ з-ин саро рафтан яке рӯз, Шаби таҷридро шамъе барафрӯз. Муҷаррад бош чун Исои Марям, Табарро кун чу Иброҳими Адҳам. Ту пеш аз марг з-ин бӯстон сафар кун, Ҳавои боғу бустони дигар кун. Агар бо молу гар бо ҷоҳу ганҷӣ, Бибояд рафт аз ин дайри сипанҷӣ. Деҳу гири ту ҷовидон намонад, Ҷаҳонро ҳолҳо яксон намонад. Чу Исо роҳи мо бар осмон аст, Ҷаҳон яксар чарогоҳи харон аст. Ҳамедон, бигзарад ин умр чун бод, Ту хоҳӣ дардманду хоҳ дилшод. Сарои орият бо кас намонад, Ҳама кас доман аз вай барфишонад.