Боби бисту ҳафтум — ДАР БЕВАФОИИ ДУНЁ
Басо шоҳони боҳашмат, ки дидем,
Ба ғайр аз он ки дар дафтар шунидем,
Ҳама дар хок рафтанду ғунуданд,
Ту гӯӣ, дар ҷаҳон ҳаргиз набуданд,
Зи рафтаншон ба хок андар басе нест,
Магар гӯӣ, ба хок-андар касе нест.
На султони сапаҳро боз ёбӣ,
На аз миру малик овоз ёбӣ.
Ҷаҳон чун қаҳбаи пурсурху зард аст,
Ки ҳаргиз ӯ вафо бо кас накардаст.
Яке шуд, дигар омад, ҷой бигрифт,
Ҳам ӯро марг ногаҳ ной бигрифт.
Пас ин чандин ғурури мол бар чист,
Зи мунъим вақти мурдан зортар кист?
Куҷо Ҳушанг, ку Ҷамшеду ку Гӯр?
Ку он шоҳони даъводори мағрур?
Ҳама з-ин хокдон-андар гузаштанд,
Буданд аз хоку боз он хок гаштанд.
Буриданд аз сарои фонӣ уммед,
Намонда ҷуз Худо боқиву ҷовид.