Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бисту ҳаштум — ДАР МАЗАММАТИ МУЛУК ВА УМАРО

Чи нохуб аст дидори бузургон, Шудан чун Юсуф андар чанги гургон. Ҳама худ бадтар аз Фиръавни мағрур, Чу Намруд аз пари як пашша ранҷур. Яке чун афъиёни саршикаста, Яке чун ақраби думбаршикаста. Чу надҳад доди кас, гар дод хоҳанд, Дили халқон зи биму ғам бикоҳанд. В-агар бораш диҳанду рафт дар пеш, Чӣ бинад чанд ғофил мушт дар пеш. Малакхӯе чу ҳозир гашт бар дар, Гурӯҳи дев бинад дар баробар. Ки гар асҳоби Каҳф ояд ба даршон, Намояд камтар аз саг дар назаршон. Саломашро ҷавоб аз ноз надҳанд, В-агар гӯяд, ҷавобаш боз надҳанд. Ба қавли мусавӣ розӣ набошанд, Зи гӯсола худое бартарошанд. Биёвезанд Исоро ба хорӣ, Суми харро харанд аз хоксорӣ.