Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби бисту нуҳум — ДАР ҚАНОАТ

Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат, Ғаниҳол аст марди ин бизоат. Ҳамегӯям ман, инро чорае нест, Ки чун ман дар ҷаҳон бечорае нест. Чӣ будӣ, гар гурез астӣ зи махлуқ, Сари хилватнишин будӣ ба Айюқ. Дареғ аст ин, ки баҳри як дирам зар Гуҳар бо хок бояд кард ҳамсар. Агар дарвеш, агар шоҳу амир аст, Ба гетӣ аз кафофе ногузир аст. Маро камтар хӯриш будиву пӯшиш, Ба мадҳи кас накардам ҷаҳду кӯшиш. Умедам ҳаст ҳамроҳии мардон, Аз ин уммед навмедам магардон. Шабе кунҷам будиву мавзеи хоб, Сари кӯи сафову чашмае об. Худовандо, набояд тахту тоҷам, Мадеҳ лекин ба махлуқ эҳтиёҷам. Дарунамро ба нури худ сафо деҳ, Диламро байъате бо Мустафо деҳ.