Боби сиюм — ДАР ХАТМИ КИТОБ
Бигуфтам байт сесад аз дили пок,
Ҳама дӯшизагони табъу идрок.
Касе, к-аз ғафлаташ пунба-ст дар гӯш,
Чу бархонад, кунад аз дил фаромӯш.
Набинад, он ки бар ҳолаш фараҷ нест,
Макун айше, ки бар аъмо ҳараҷ нест.
Ба наътат додам ороиш тамомаш,
Хирад карда «Саодатнома” номаш.
Зи ман дурри суханро бор бастан,
Зи некахтар суханро кор бастан.
Дари ин ганҷро бар ту кушодам,
Калиди ганҷ дар дасти ту додам.
Тамом аст ин, агар бо рою ҳушӣ,
Чу дур дар гӯш гириву ниюшӣ.
Чашонидам мазоқатро зи ҳар об,
Ки Хизрӣ, об бишносӣ зи шӯроб.
Ба чашми ҷон бибин рӯи маонӣ,
Ки то маънӣ зи сурат боздонӣ.
Саодат ёр хоҳӣ дар ҳама кор,
Суханҳои шариф аз даст магзор.
Бикун дар гӯш, к-ин дурри самин аст,
Ҳадиси Носири Хусрав ҳамин аст.