Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби нуздаҳум — ДАР ФАРҚИ ДӮСТ ВА ДУШМАН

Бибояд фарқ кардан душман аз дӯст, Ки донистан зи душман дӯст некӯст. Куҷо душман сиришти дӯст бошад, Ки мағзи дӯстӣ бепӯст бошад. Саге, к-аш бо ту пайванд аст ҷонӣ, Беҳ аз ёре, ки бо ту саргаронӣ. Набошад айш бе ҳам дӯстонро, Ки набвад завқ бе гул бӯстонро. Касе, к-аш озмудӣ, м-озмояш, Ки бас бошад, яке бор озмояш. Ҳамон аст, ар дусад бор озмоӣ, Ки н-ояд ҳаргиз аз мор ошноӣ. Ҳамоно табъи мор ошуфтанро, Нашояд мор ҷуз сар кӯфтанро. В-агарчи дӯст бинӣ, роз аз ӯ пӯш, Ки натвонад ниҳуфтан рози ту гӯш. Ҳама кас роздориро нашояд, Ки оби соф аз ҳар кӯза н-ояд. Чӣ донӣ ту, ки душман гардад он дӯст, Ба амд аз маҷзи асрорат кашад пӯст.