Боби ҳаждаҳум — ДАР ЁРИ МУВОФИҚ ВА ВАФО НАМУДАН
Дило, ёре талаб, гар метавонӣ,
Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ.
Кадомин дӯст, к-ӯ бо дӯст нозад,
Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.
Хунук, он к-аш бувад ёри хирадманд,
Ки битвонад кушуд аз пои ту банд.
Надидам ман чунин як дӯст боре,
Ки аз дил бартавон бардошт боре.
Туро гар ёфт шуд, моро хабар кун,
Вагарна ин ҳикоят мухтасар кун.
Чу ёбӣ дӯсте, сахташ нигаҳ дор,
Ба сустӣ доманаш аз даст магзор.
Чу касро ёри якдил ёр гардад,
Ба ҳар озор кай безор гардад.
Бибояд қарни дигар зиндагонӣ,
Ки то ҳам сарду гармаш боздонӣ.
На бар ҳарзаст кори ёру ёрӣ,
Ки сидқу эътиқод омад ба ёрӣ.
На ёранд, бал фаровон бор бошанд,
На ҳар к-аш ёр хонӣ, ёр бошанд.