Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Боби понздаҳум — ДАР ШУКРИ ДАРВЕШОН ДАР ФАҚР

Раҳи фақр аст роҳи босаломат, Барӣ аз шарру эмин аз маломат. Хилофи сар бузургӣ кун ба хурдӣ, Дар ин раҳ по ниҳодӣ, даст бурдӣ. Чу мардон бош, агар марди Худоӣ, Раҳо кун зарқу солусу риёӣ. Агар боному бономус бошӣ, Набошӣ марди раҳ, солус бошӣ. Зи худбинӣ, ҳазар кун, гар бадинӣ, Худо бинӣ, агар худро набинӣ. Мамон аз худ, чу ҷунбиш метавонӣ, Аз ӯ монӣ, зи худ гар бозмонӣ. Ба некӣ нест кун даъвии ҳастӣ, Бидон, аз худ бирастӣ, ҳақпарастӣ. Фано шуд, то биҳиштӣ гашт Идрис, Зи худбинӣ ба лаънат гашт Иблис. Бувад кибру манӣ бо аҳли тоот, Зи мастон гиря биниву муроот.