ДАР МАЗАММАТИ СУФАҲО ВА ҶУҲҲОЛ
Зиҳӣ ҷоҳил, ки олим ном дорӣ,
Ту ин илм аз барои дом дорӣ.
Шунидӣ илм, кардӣ ном солус,
Хирад бар илми ту медорад афсӯс.
Равонат бехабар монд аз хақоиқ,
Туро фирдавси аъло нест лоиқ.
Далел аз хуҷҷати чуну чаро кун,
Нахуст аз мартаба рух сӯи мо кун.
Надорад ҳеч суд аз гуфтугӯят,
Чу ҷидде нест андар ҷустуҷӯят.
Сухан кам гӯю бас кун з-ин хурофот,
Мақомот асл дорад, на мақолот.
Чунон дон, гар ҳазорон сол гӯӣ,
Гуҳар ҳаргиз наёбӣ, то наҷӯӣ.
Ба биниш кӯш, ҳон, то чанд гуфтан?
Ҳиҷоб аз пеш бирбояд гирифтан.
Ту дар Фархору матлубат ба Навшод,
Бад-он ҷо рав, чӣ дорӣ бонгу фарёд.