ДАР НАКӮҲИШИ ТАҚЛИД
Чӣ гӯӣ, к-ин ривоят мекунад з-он,
Зубайр аз Холиду Холид зи Усмон.
Даре бар ту нахоҳад з-ин кушудан,
Ба маънӣ хоҳадат з-ин рух намудан.
Саросар пур зи тимсол аст танзил,
Ту з-ӯ тафсир хондастӣ, на таъвил.
Садаф дидӣ, ту кардӣ тарки гавҳар,
Араз дидӣ, накардӣ ёди ҷавҳар.
Араз чашм асту он ҷон ҷавҳари ту,
Аз он бар ҳар ду олам сарвари ту.
Хирадмандон ду оламро, ки гӯянд
Аз он маънӣ ҷуз ин ҳар ду наҷӯянд.
Талаб кун аслу бурҳону далоил,
К-аз ӯ равшан шавад рамзи авоил.
Набояд шуд ба андак моя розӣ,
Ки дорӣ ёд қавли аҳли мозӣ.
Бибин боре, ки то эшон чӣ гуфтанд,
Ба дил ёқут, ё хармӯҳра суфтанд.