Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ҒАММОЗОН

Машав ғаммози кас наздики шоҳон, Битарс охир зи оҳи бегуноҳон. Магӯ бӯҳтон, битарс аз рӯзи маҳшар, Ки фардо бозпурсанд аз ту яксар. Макун бовар суханҳои шунида, Шунида кай бувад ҳаргиз чу дида? Агар бо дидаӣ, нодида машнав, Ту бурҳон хоҳу бар тақлид маграв. На бас корест охир ношунидан, Ба қавли бад нашояд бигравидан.