Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР МАЗАММАТИ ДӮСТОНИ РИЁӢ

Рафиқе ман дар ин манзил надидам, Ҳақиқат дӯсте якдил надидам. Аз ин муште рафиқони риёӣ, Буридан беҳтар аст аз ошноӣ. Ҳама ёри ту аз баҳри тарошанд, Паи луқма ҳавохоҳи ту бошанд. Зи ту ҷӯянд дар давлат маунат, Гурезанд аз бари ту рӯзи меҳнат. Азизо, гар ба худ хорӣ нахоҳӣ, Бикун фикре, ба худ гар некхоҳӣ. Азизо, то ки дорӣ зарру динор, Чу динорат намонд, он гаҳ шавӣ хор. Чу молат кост, аз меҳрат бикоҳанд, Зиёнат баҳри суди хеш хоҳанд. Сабукрӯҳе, ки бошад ёри султон, Чу кор афтад, басе гардад гурезон. Чӣ ҷӯӣ дӯстони чун зиреҳро, Ки накшоянд аз корат гиреҳр? Ба сарду гарм дар корат наёянд, Ки гарморову сарморо нашоянд. Касеро марди оқил дӯст хонад, Ки ӯ бо неку бад бо дӯст монад. Куҷо он дӯст рози дил бипӯшад, Ба кори дӯстон то ҷон бикӯшад. Фурӯ бандад камар дар меҳрубонӣ, Барои дӯст хоҳад зиндагонӣ. Ҷудо аз худ надонад дӯстонро, Кунад якранг дилрову забонро. Ду доно чунки бо ҳам ёр бошанд, Ҳамеша маҳрами асрор бошанд. Даме озори якдигар биҷӯянд, Дурӯғу фаҳшу ҳазён худ нагӯянд. Ду нодон гарчи бошанд ёру ҳамдам, Зи ногаҳ душманӣ ҷӯянд бо ҳам. Нахезад душманӣ, илло зи ҳазён, Ту ҳазён бар забон ҳаргиз магардон. Зи нодон дӯстӣ доно наҷӯяд, Куҷо душман касе чун дӯст гӯяд?