АНДАР НАСИҲАТ ВА МАВЪИЗАТ
Чи хуш зад достон он мӯъбади пир,
Суханҳои варо дар гӯши ҷон гир.
Ҳар он касро, ки бошад роҳбар бум,
Набинад ҷуз, ки вайроний бару бум.
Макун бо нокасон зинҳор ёрӣ,
Макун бар ҷони худ зинҳор хорӣ.
Ту кӯрию туро раҳбар далел аст,
Чу бошад бедалел, аъмо залил аст.
Бипарҳез, эй бародар, аз лаимон,
Бино кун хона дар кӯи каримон.
Ба некон нек бошу бо хасон хас,
Зи дунон дун шавию аз касон кас.
Аз ин бедонишон бигсил ҳарифӣ,
Зарифонро талаб кун, гар зарифӣ,
Бувад бо зиракон зиндон гулистон,
Чу зиндон аст бо ноаҳл бустон.
Зи зиндону ҳарифи ҷинс магрез,
Зи бустону зи ноаҳлон бипарҳез.
Агар доно бувад хасми ту, беҳтар,
Ки бо нодон шавӣ ёру бародар.
Наёяд душманӣ аз марди оқил,
Нашояд дӯстиро марди ҷоҳил.