Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР СИФАТИ АХЛОҚИ ҲАМИДА ВА ЗАМИМА

Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст, К-аз ин ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст. Яке бухлу дувум ҳирсу севум оз, Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз. Шашум кибру ҳасад ҳар ҳафт ёрат, К-аз ин ёрон халал бигрифт корат. Аз инҳо бигзару ёри дигар ҷӯй, Рафиқони бузурги номвар ҷӯй. Тавозӯъ, пас карам, он гаҳ қаноат, Камозориву пас парҳезу тоат. Дигар ҳикмат, агар ҳастӣ хирадманд, Гусил з-онҳову бо инҳо бипайванд. Туро ин некхоҳанд, он-т бадхоҳ, Ту дар мулки вуҷуди хештан шоҳ. Накӯхоҳони худро ёварӣ кун, Зи бадхоҳони худ худро барӣ кун. Агар з-ин сон шавӣ, бар худ хидевӣ, В-агар з-ин сон наӣ, рав, рав, ки девӣ.