Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ГУФТОР АНДАР УЗЛАТ ГИРИФТАН

Ту узлат ҷӯю дур аз анҷуман бош, Рафиқи хештан, ҳам хештан бош. Зи узлат шоҳи мурғон гашт симурғ, Яке мурғ аст, хонандаш ба сӣ мурғ. Бувад рози туро кай чун ту маҳрам, Кӣ бошад беҳтар аз ту бар ту ҳамдам? Бирав, доман каш аз аҳли замона, Агар хоҳӣ, ки хонандат ягона. Манеҳ бар ҷони худ бори зару зан, Қадам бар тораки ин ҳар ду барзан. Ба коре менаояд хешу пайванд, Буридан беҳтар аст аз хешу пайванд. Падарро ақл дону нафс модар, Маёзор ин ду касро, эй бародар! Агар дар банди чору панҷ монӣ, Бидон, к-андар балову ранҷ монӣ. Зи чору панҷ бигзар ҳамчу мардон, Дилат з-ин бандҳо озод гардон. Гарат бояд, ки васли ёр ёбӣ, Ба тарки сар бигӯ, то бор ёбӣ. Гули васлаш миёни хор ҳаҷр аст, Шаби ҳиҷрони ӯро васл фаҷр аст. Ту то хуррам нишинӣ дар фироқаш, Куҷо бошӣ надиму ҳамвисоқаш. Ҳавасбозӣ макун, гар васл хоҳӣ, Ту тарки фаръ кун, гар асл хоҳӣ. Диле, к-ӯ бандаи кому мурод аст, Ҳамеша ошиқи лаҳву фасод аст. Ту гар дар роҳ нанҳӣ гоми аввал, Набинӣ партави нураш муаввал. Ду савдо бо яке сар барнаояд, Яке дил бо ду дилбар барнаояд.