Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР БАЁНИ АЪРОЗ ВА ҶАВОҲИР

Ҳар он чи ҳаст з-аъло то ба асфал, Ду чиз омад зи охир то ба аввал: Яке аърозу он дигар ҷавоҳир, Чунин гуфтанд устодони моҳир. Чӣ бошад ҷавҳарӣ, к-ӯ ҳаст доим, Ба зоти хештан пайваста қоим. Араз қоим ба зоти ҷавҳар омад, Хирадро ин суханҳо бовар омад. Бувад қобил араз, бешак, фаноро, Вале ҷавҳар бувад, бешак, бақоро. Туӣ фаръу араз, ҳам аслу ҷавҳар, Ҳама олам ту ҳастӣ, эй бародар! Хирадмандон ду оламро, ки гӯянд, Аз ин маънӣ ҷуз ин ҳар ду наҷӯянд. Араз ҷисм аст аз ҷон, ҷавҳарӣ ту, Аз он бар ҳар ду олам бартарӣ ту. Туро аз ҳар ду олам офариданд, Аз онат бар ду гетӣ баргузиданд. Мусаххар кун ҳам инрову ҳам онро, Ҳақиқат кун яқинрову гумонро. Бидон онрову инро нек бишнос, Бибин ту ҷисму ҷонро нек бишнос.