ДАР БОЗГАШТАН
Дигарбора аз ин вайрона гулхан,
Гар ояд сӯи он обод гулшан,
Бад-он раҳ, к-омадаст, ӯ боз гардад,
Вале бояд, ки некӯсоз гардад,
Ки дар ҳар манзиле мушкил суоле,
Кунанд ӯро зи дигар гуна ҳоле.
Агар дорад ҷавоби он суол ӯ,
Расад андар сарои безавол ӯ.
В-агарна андар ин манзил бимонад,
Нахустин манзил андар гил бимонад.
Бад-ин сон меравад манзил ба манзил,
Гилаш сӯи гил ояд, дил суи дил.
Аз эдар гар дилаш комил шавад боз,
Расад ӯро биҳишту неъмату ноз,
В-агар дар бозгаштан нотамом аст,
Ба оташ мебисӯзад, ҳар чӣ хом аст.
Ҳамин аст эътиқод андар қиёмат,
Агарчи аз харон ёбам маломат.
Биҳишту дӯзахат дар остин аст,
Чунин донӣ, агар роят заррин аст.
Биҳишту дӯзахи дигар ҷуз ин нест,
Хирад донад, ки болотар ҷуз ин нест.