Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

ДАР ШАРАФИ ИНСОН

Чу ту худ менадонӣ кистӣ ту, Бигӯ, то дар ҷаҳон бар чистӣ ту? Туӣ ту, худ бигӯ то худ кадом аст? Танӣ ё ҷон, туро охир чӣ ном аст? Ту ин ришу сару сиблат, ки бинӣ, Ту пиндорӣ туӣ, не, не, на инӣ. Тилисму банду зиндони ту аст ин, Бирав, чашми хирад бикшою худ бин. Ту сурат нестӣ, маънӣ талаб кун, Назар дар ҷисму ҷони булаҷаб кун. Зиҳӣ нодон, ки худро ҷисм хонӣ, Раҳо кун ин сухан, зеро ки ҷонӣ! Кадомин ҷон, на ин ҷони табиӣ, Накӯ бингар, ки ҷисми бас бадеӣ. Туӣ ҷони сухангӯи ҳақиқӣ, Ки бо рӯҳулқудус доим рафиқӣ. Ба чашми сар ҷамолаш диданӣ нест, Касе, к-ӯ дид рӯяш, аҳли маънист. Зи ҷоҳу аз ҷиҳат ҳастӣ муназзаҳ, Бибин, то кистӣ, инсоф худ деҳ. Нигар, то дар гумон ин ҷо наяфтӣ, Қадам бифшор, то аз по наяфтӣ. Сифатҳоят сифатҳои худоист, Туро ин равшанӣ з-он рӯшноист. Ҳамебахшад, к-аз ӯ чизе накоҳад, Туро доду диҳад онро, ки хоҳад. Зи нури ӯ ту ҳастӣ ҳамчу партав, Вуҷуди худ бипардозу ту ӯ шав. Ҳиҷобат дур дорад, гар наҷӯӣ, Ҳиҷоб аз пеш бардорӣ, ту ӯйӣ. Агар даъво кунам, валлаҳ, ки ҷоест, Ба маънӣ Носири Хусрав худоест. Зи дунё то ба уқбо нест бисёр, Вале дар раҳ вуҷуди туст девор.