АНДАР ФИТРАТИ ИНСОН
Чӣ гуфтанд он ҳакимони сухангӯй,
Ки бурданд аз малоик дар сухан гӯй.
Ки хуни мо, ки он асли ҳаёт аст,
Яке фарзанди ҳайвону набот аст.
Дигар раҳ чун мусаффо гардад он хун
В-аз ӯ хуни сафед ояд ба берун.
Варо хонанд нутфа аҳли маънӣ,
Ки полуда аз он хун аст яънӣ.
В-аз он пас дар машима чунки афтод,
Фигандаш устоди чарх бунёд.
Зуҳал як моҳ ӯро тарбият кард,
Дувум маҳ Муштарияш тақвият кард.
Бишуд моҳи севум Баҳром ёраш,
Чаҳорум моҳ Хур суратнигораш.
Чу аз Хуршеди тобон зиндагӣ ёфт,
Дар он ҷо қуввати ҷунбандагӣ ёфт.
Маҳи панҷум кунад Зӯҳра варо кор,
Уторид бошадаш моҳи шашум ёр.
Ба ҳафтум моҳ ӯро Моҳ бошад,
Ба ҳаштум з-ӯ Зуҳал огоҳ бошад.
Дар он зиндони танг андар кашокаш,
Бувад ҷояш миёни обу хун х(в)аш.
Пас аз нӯҳ моҳ Зодӯши ҳуҷаста
Бурун орад варо з-он роҳи баста.
Аз он торикчоҳ ояд дар ин ҷой,
Ҷаҳон бинад хушу хубу дилорой.
Сарое бас фароху маскани х(в)аш,
Ҳавои бас латифу хубу дилкаш.
Чунон пиндорад он мискин дар ин ҷо,
К-аз ин хуштар набошад ҳеч маъво.
Намедонад, к-аз ин хуштар сароест,
Ки ин дар ҷанби он торик ҷоест.
Наботосо бувад якчанд ҳолаш,
Барояд чун тару тоза ниҳолаш.
В-аз он пас ҳамчу ҳайвон рӯзгоре
Ба ҷуз хӯрдан надорад ҳеч коре.
Ду солу ним андар шир машғул,
Бувад дар гаҳвора баста маҷҳул.