ДАР АНОСИР ВА МАВОЛИД
Аз эшон гашт пайдо чор унсур,
Зи ман бишнав ту ин маънии чун дур.
Асир, он гаҳ ҳаво, пас обу пас хок,
Ки зодастанд ин ҳар чор з-афлок.
Дар эшон гарму хушку сарду тар ҳаст,
Чунон чун гарму хушку сарду тар ҳаст.
Аз эшон об чун хушгавҳар омад,
Хилофи табъи ӯ сарду тар омад,
Мизоҷи бод аз он ҷо хосият кард,
Мухолифро чӣ хушку гармро сард.
Чу сардиро ба гармӣ гавҳар омад,
Мизоҷи бод аз он гарму тар омад.
Шавад пайдо аз эшон ранҷу роҳат,
Расад марҳам аз эшон, сад ҷароҳат.
Ҳакимон инчунин гуфтанд бо мо,
Ки ин чор уммаҳотанд, он нӯҳ обо.
Аз ин чору аз он нӯҳ, эй бародар,
Бишуд мавҷуд се фарзанди дигар.
Маъодин, пас набот, он гоҳ ҳайвон,
Ба ҳам бастанд яксар аҳду паймон.
Ба дарё дурру дар кон лаълу гавҳар
Кунад дарвешмардумро тавонгар.
Ғизову меваву нон аст, к-аз вай
Падид ояд ҳаме хун дар рагу пай.
Яке гардад ғизо, дигар бикоҳад,
Ки то инсон аз ин ҷо баҳра ёбад.
Ҳама аз баҳри инсонанд дар кор,
Кунад ӯро яке зину яке бор.
Сутуру гӯсфанду гову уштур,
К-аз эшон мешавад рӯи замин пур.
Маволиданд, аз инҳо ҷисми инсон,
Падид ояд дар ин шашгӯша айвон.
Даро, эй Ҳуҷҷати зебосухангӯй,
Ки бурдӣ аз халоиқ дар сухан гӯй.