ГУФТОР АНДАР СИФАТИ КАМОЛИ ИНСОН
Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем,
Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем.
Дигар ҳастанд баргу мо ҳама бар,
Туфайли мо шуданд инҳо саросар.
Шараф дорад дарахт аз мева оре,
Кӣ бошад, ар надорад ҳеч боре?
Зи бӯю лаззати хуш меваҳоро
Шараф бошад чунон к-аз ақл моро.
Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком,
Надорад таъму лаззат меваи хом.
Машав чун меваҳои норасида,
Сақат ҳаргиз набошад баргузида.
Сақат бошад дар ин боғ он чӣ хоманд,
Ҳакимон меваҳои хуштаоманд.
Дарахте, к-он латифу мевадор аст,
Мар-ӯро боғбон Парвардигор аст.
Нахоҳад мева ҷуз хушбӯи ширин,
Бияндозад сақатҳои бадоин.
Сақат хор аст, хоронро раҳо кун,
Тамоми ҷисми худро пурбаҳо кун.
Ҳар он мева, ки набвад рангу бӯяш,
Набошад боғбон дар ҷустуҷӯяш.
Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй,
Камолатро ту аз илму амал ҷӯй!
Агар аз чашмаи маънӣ хурӣ об,
Шавӣ дар боғи ҷаннат меваи ноб.
В-агар бошӣ сақат, дар хок монӣ,
Муаззаб дар балои ҷовидонӣ.
Набошӣ дархӯри хони шаҳаншоҳ,
Чу хоке хор бошӣ бар сари роҳ.
Ба оташ ҳамчу хори хушк сӯзӣ,
Агар чашми хирадро боздӯзӣ.
Агар хоҳӣ, ки ёбӣ донишу ҳуш,
Макун ту панди Ҳуҷҷатро фаромӯш.
Ба кулл мекӯш, то худро шиносӣ,
Зи худ ҳам неку ҳам бадро шиносӣ.