ГУФТОР ДАР СИФАТИ АҚЛИ КУЛЛ ВА НАФСИ КУЛЛ
Аз аввал Ақли куллро кард пайдо,
Варо Арши илоҳӣ гуфт доно.
Гурӯҳе иллати авло-ш гуфтанд,
Гурӯҳе Одами маъно-ш гуфтанд.
Дар он дарё, ки дурри ақл суфтанд,
Ҳаюлои дувум ҳам низ гуфтанд.
Мар-ӯро олами ҷабрут ном аст,
Ки Ҷабрили мукаррам з-он мақом аст.
Азеро хомаи Яздон-ш хонанд,
Расули номаи Яздон-ш номанд.
Нахуст аз офариниш баргузида,
Худояш бе миёнҷӣ офарида.
Ҳар он-ч аз офариниш рӯй бинмуд,
Мар-ӯро восита дар олам ӯ буд.
Аз аввал Ақли кул чун шуд мушаҳҳар,
Зи якдигар бизоданд он ду гавҳар.
Зи Ақли кул вуҷуди Нафси кул зод
Ҳаме Ҳаввои маънӣ хондаш устод.
Бидон гар ҷон-т бо ақл ошно шуд,
Ки ин Ҳаввову он Одам чаро шуд?
Агар маънии номаш боз донӣ,
Варо ҷамъи малоик ном хонӣ.
Ҳам ӯ шуд фоили афлоку анҷум,
Ҳам ӯ баҳри муҳиту ҷони мардум.
Ҳам ӯ лавҳу ҳам ӯ курсии Яздон,
Ҳам инсони дувум, ҳам рӯҳи инсон.
Аз он омад фуруди ақл маъвой,
Ки зери арши курсӣ бошадаш ҷой.
Масеҳо гуфт: «Хоҳам зӣ падар шуд»,
Ҷаҳоне з-ин сухан зеру забар шуд.
Накӯ гуфт ӯ, вале руҳбон надонист,
Ки ӯ фарзанди Нафси кул ба ҷон аст.