Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ин ҷаҳон хоб аст, хоб, эй пури боб,
Ин ҷаҳон хоб аст, хоб, эй пури боб, Шод чун бошӣ бад-ин ошуфта хоб? Равшаний чашми маро хуш-хуш бибурд Равшанӣ-ш, эй рӯшноӣ, чашми боб.
Эй раво карда фиребанда ҷаҳон бар ту фиреб,
Эй раво карда фиребанда ҷаҳон бар ту фиреб, Мар-туро хондаву худ рӯй ниҳода ба нишеб. Ин ҷаҳонро ба ҷуз аз бодеву хобе машумар, Гар муқиррӣ ба Худову ба расулу
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба суи хеш зиёнро,
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба суи хеш зиёнро, Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро. Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро, То суд ба як сӯ ниҳӣ аз баҳри зиёнро.
Накӯҳиш макун чархи нилуфариро,
Накӯҳиш макун чархи нилуфариро, Бурун кун зи сар боду хирасариро. Барӣ дон зи афъол чархи баринро, Нашояд зи доно накӯҳишбариро.
Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,
Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро, Гӯӣ, забун наёфт зи гетӣ магар маро. Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам, Сафро ҳамебарояд аз андуҳ ба сар маро.
Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро,
Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро, Ки чашми аёнбин набинад ниҳонро. Ниҳон дар ҷаҳон чист? – Озода мардум, Бибинӣ ниҳонро, набинӣ аёнро.
Эй қуббаи гардандаи беравзани хазро,
Эй қуббаи гардандаи беравзани хазро, Бо қомати фартутию бо қуввати барно. Фарзанди туем, эй фалак, эй модари бадмеҳр, Эй модари мо, чунки ҳаме кин кашӣ аз мо?
Эй лӯъбати хандон
Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бу
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Аз Қаротоғ омадем
Аз Қаротоғ омадем, Сина ба доғ омадем. Сина ба доғ чӣ бошад? Ёр суроғ омадем.
Зоғча
Кунҷи ғарам ҷойи ӯст, Дар лабаки боғча, Кулча зада хуфтааст Вақти саҳар Зоғча.
Ҳарҷошину Ҳарҷогард
Нима сурху нима зард, Ҳарҷошину ҳарҷогард. Кӯҳбарову саҳрогард, Ҳавопару дарёгард.
Боқӣ
I - Кӣ омаду кӣ омад? - Акои Боқӣ омад. - Кӣ омаду кӣ омад?
Рӯбоҳ Фикри Хона Кард
Бехонагӣ бар ҷон расид, Чун корд ба сутхон расид. Рӯбоҳ биншасту ба дард Андешае аз хона кард:
Моҳича Ва Мушак
Моҳичае буд чун тило Дар обгире пурбаҳо. Он обгир аз шиша буд, Моҳича дар андеша буд,
Поси Модар
Мурғак суроғи дона рафт, Гулчӯҷаро дар лона монд, Дар лона назди чӯҷааш Оби зулолу дона монд.
Гаҳвораҷунбон
Дар кӯҳ не, Дар дашт не, Дар пуштаву хамгашт не, Дар боғ,
Чӯҷа Пайи Дона Рафт
Чӯҷа паси хона рафт, Чӯҷа пайи дона рафт. Аз раҳ гузашт чӯҷа, Аз раҳ нагашт чӯҷа.
Се Ёраки Бехобак
Аз дидаҳо дар канор, Дар як гӯшаи анбор, Ки рӯшаниро раҳ нест, Ҷувори яке мезист.
Дар Мавсими Тобистон
I - Мӯрча, эй мӯрча, Майдаяки зӯрча, Аз саҳар зери борӣ?
Бовар Ва Каланд
Марде буду сода буд, Сода буду лода буд. Пиндори абас мекард, Бовар ба ҳар кас мекард.
Чистонҳо
Чист он ки монанди мушт Ҳам нарм асту ҳам дурушт, Бораш ҳамеша хор аст, Хораш ҳамеша дар пушт?
Шодӣ Ё Ҳодӣ
Дар як бинои барҳаво, Андар чаҳорум ошён, Ҳамсояи якдигаранд Шодию Ҳодӣ, ҷӯраҷон.
Ваъда
Ваъда амри виҷдон аст, Оинаи эътибор, Ваъда додан осон аст, Иҷрои ваъда душвор.
Зимистон
Ҳавои сард омад, ҷӯй ях баст, Фарози кӯҳҳоро абр пӯшид. Шамоли тунд аз машриқ хурӯшид, Ба рӯйи бому дарҳо барф биншаст.


