Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро, Гӯӣ, забун наёфт зи гетӣ магар маро. Дар ҳоли хештан чу ҳаме жарф бингарам, Сафро ҳамебарояд аз андуҳ ба сар маро. Гӯям: Чаро нишонаи тири замона кард Чархи баланди ҷоҳили бедодгар маро? Гар дар камоли фазл бувад мардро хатар, Чун хору зор кард, пас, ин бехатар маро? Гар бар қиёси фазл бигаштӣ мадори чарх, Ҷуз бар мақарри Моҳ набудӣ мақар маро. Не, не, ки чарху даҳр надонанд қадри фазл, Ин гуфта буд гоҳи ҷавонӣ падар маро. Дониш беҳ аз зиёъу беҳ аз ҷоҳу молу мулк, Ин хотири хатир чунин гуфт мар-маро. Бо хотири мунаввари равшантар аз Қамар Н-ояд ба кор ҳеч мақарри Қамар маро. Бо лашкари замонаву бо теғи тези даҳр Дину хирад бас аст сипоҳу сипар маро. Гар ман асири мол шавам ҳамчу ину он, Андар шикам чӣ бояд заҳра-в ҷигар маро. Андеша мар-маро шаҷари хуби барвар аст, Парҳезу илм резад аз ӯ баргу бар маро. Гар боядат ҳаме, ки бибинӣ маро тамом, Чун оқилон ба чашми басират нигар маро. Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сухан З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро. Ҳарчанд масканам ба Замин аст, рӯзу шаб Бар чархи ҳафтум аст маҷоли сафар маро. Гетӣ сарои раҳгузарон аст, эй писар, З-ин беҳтар аст низ яке мустақар маро. Аз ҳар чӣ ҳоҷат аст бад-ӯ бандаро, Худой Кардаст бениёз дар ин раҳгузар маро. Шукр он Худойро, ки суи илму дини хеш Раҳ дод сӯи раҳмату бикшод дар маро. Андар ҷаҳон ба дӯстии хонадони ҳақ Чун Офтоб кард чунин муштаҳар маро. В-аз дидану шунидани дониш яла накард, Чун душманони хеш ба дил кӯру кар маро.