Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро,
Ба чашми ниҳон бин ниҳони ҷаҳонро,
Ки чашми аёнбин набинад ниҳонро.
Ниҳон дар ҷаҳон чист? – Озода мардум,
Бибинӣ ниҳонро, набинӣ аёнро.
Ҷаҳонро ба оҳан нашояд-ш бастан,
Ба занҷири ҳикмат бибанд ин ҷаҳонро.
Ду чиз аст банди ҷаҳон – илму тоат,
Агарчи кушод аст мар-ҳар дувонро.
Танат кону ҷон гавҳари илму тоат,
Бад-ин ҳар ду бигмор танрову ҷонро.
Ба сони гумон буд рӯзи ҷавонӣ,
Қароре набудаст ҳаргиз гумонро.
Чӣ гуна кунад бо қарор осмонат?
Чу худ нест аз бун қарор осмонро.
Суи он ҷаҳон нардбон ин ҷаҳон аст,
Ба сар бар шудан бояд ин нардбонро.
Дар ин боми гардону ин буми сокин
Бибин санъату ҳикмати ғайбдонро.
Нигаҳ кун, ки чун кард бе ҳеч ҳоҷат
Ба ҷони сабук ҷуфт ҷисми гаронро.
Кӣ овехтаст андар ин сабз гунбад
Мар-ин тира гӯйи дурушти калонро?
Чӣ гӯйе, кӣ фарсояд ин чархи гардон,
Чу беҳадду мар бишмарад солиёнро?
На фарсуданӣ сохтаст ин фалакро,
На оби равону на боди базонро.
Азеро ҳаким асту сунъ асту ҳикмат,
Магӯ ин сухан ҷуз мар-аҳли баёнро.
Азеро сазо нест асрори ҳикмат,
Мар-ин бефасорони бераҳбаронро.
Чӣ гӯӣ, бувад мустаъон мустаъон гар,
Набошад чунин мустаъин мустаъонро.
Агар уштуру аспу астар набошад,
Куҷо қаҳрамонӣ бувад қаҳрамонро?
Макону замон ҳар ду аз баҳри сунъ аст,
Аз ин нест ҳадде Замину замонро.
Агар гӯӣ: ин дар Қурон нест, гӯям:
Ҳамоно накӯ менадонӣ Қуронро.