Эй қуббаи гардандаи беравзани хазро,
Эй қуббаи гардандаи беравзани хазро,
Бо қомати фартутию бо қуввати барно.
Фарзанди туем, эй фалак, эй модари бадмеҳр,
Эй модари мо, чунки ҳаме кин кашӣ аз мо?
Фарзанди ту ин тира тани хомуши хокист,
Покиза хирад нест, на ин ҷавҳари гӯё.
Тан хонаи ин гавҳари волои шариф аст,
Ту модари ин хонаи ин гавҳари воло.
Чун кори худ имрӯз дар ин хона бисозам,
Муфрад биравам, хона супорам ба ту фардо.
Зиндони ту омад, писаро, ин тану зиндон
Зебо нашавад, гарчи бипӯшӣ-ш ба дебо.
Дебои сухан пӯш ба ҷон-бар, ки туро ҷон
Ҳаргиз нашавад, эй писар, аз дебо зебо.
Ин банд набинӣ, ки Худованд ниҳодаст
Бар мо, ки набинад-ш магар хотири бино.
Дар банд мудоро куну дарбанд миёнро,
Дар банд макун, хира талаб мулкати Доро.
Гар ту ба мудоро кунӣ оҳанг, биёбӣ
Беҳтар басе аз мулкати Доро ба мудоро.
Бишкеб, азеро ки ҳаме даст наёбад
Бар орзуи хеш, магар марди шикебо.
В-ар-т орзуи лаззати ҳиссӣ бишитобад,
Пеш ор зи Фурқон сухани Одаму Ҳавво.
Озор магир аз касу бар хира маёзор
Касро магар аз рӯи мукофот мусово.
Пуркина мабош аз ҳамагон доим чун хор,
На низ ба якбора забун бош чу хурмо.
К-аз ганд фитодаст ба чоҳ-андар саргин,
В-аз бӯи чунон сӯхта шуд уд мутарро.
Бо ҳар кас маншину мабур аз ҳамагон низ,
Бар роҳи хирад рав, на магас бош, на анқо.
Чун ёри мувофиқ набувад, танҳо беҳтар,
Танҳо беҳ сад бор, чу бо нодон ҳамто.
Хуршед, ки танҳост, аз он нест бар ӯ нанг,
Беҳтар зи Сурайёст, ки ҳафт аст Сурайё.
Аз бешию каммии ҷаҳон танг макун дил,
Бо даҳр мудоро куну бо халқ мувосо.