Накӯҳиш макун чархи нилуфариро,
Накӯҳиш макун чархи нилуфариро,
Бурун кун зи сар боду хирасариро.
Барӣ дон зи афъол чархи баринро,
Нашояд зи доно накӯҳишбариро.
Ҳаме то кунад пеша, одат ҳамекун
Ҷаҳон мар-ҷафоро, ту мар-собириро.
Ҳам имрӯз аз пушт борат бияфкан,
Маяфкан ба фардо мар-ин довариро.
Чу ту худ кунӣ ахтари хешро бад,
Мадор аз фалак чашм некахтариро.
Ба чеҳра шудан чун парӣ кай тавонӣ?
Ба афъол монанда шав мар-париро.
Надидӣ ба Наврӯз гашта ба саҳро
Ба Айюқ монанда лолай тариро.
Агар лола пурнур шуд чун ситора,
Чаро з-ӯ напазруфт суратгариро?
Ту бо ҳушу рой аз накӯмаҳзарон чун
Ҳаме барнагирӣ накӯмаҳзариро?
Нигаҳ кун, ки монад ҳаме наргиси нав
Зи бас симу зар тоҷи искандариро.
Дарахти турунҷ аз бару барги рангин
Ҳикоят кунад киллаи қайсариро.
Сапедор мондаст бе ҳеч чизе,
Азеро ки бигзид ӯ камбариро.
Агар ту аз омӯхтан сар битобӣ,
Наҷӯяд сари ту ҳаме сарвариро.
Бисӯзанд чӯби дарахтони бебар,
Сазо худ ҳамин аст мар-бебариро.
Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.
Нигар, нашмарӣ, эй бародар, газофа
Ба дониш дабирию на шоириро,
Ки ин пешаҳо аст некӯ ниҳода
Мар-алфағдани неъмати эдариро.
Дигаргуна роҳею илмест дигар
Мар-алфағдани роҳати онсариро.
Бале, ину он ҳар ду нутқ аст, лекин
Намонад ҳаме сеҳр пайғамбариро.