Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Хоҳӣ, ки наёрӣ ба суи хеш зиёнро,

Хоҳӣ, ки наёрӣ ба суи хеш зиёнро, Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро. Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро, То суд ба як сӯ ниҳӣ аз баҳри зиёнро. Гуфтор ба ақл аст, киро ақл надоданд, Мар-гову хару астару дигар ҳаявонро. Мардум, ки сухан гӯяд, з-он аст, ки дорад Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро. Пас, баччаи ақл омада гуфтору назебад, Ки баччаи ақли ту забон дорад ҷонро. Ҷону хирад аз амри Худоянду ниҳонанд, Пайдо натавон кард мар-ин ҷуфти ниҳонро. Тан ҷуфти ниҳон асту ба фармон-т равон аст, Таъсир чунин бошад фармони равонро. Фармони равон ҷону равон зӣ ту фиристод, То бар дараш орӣ ба хирад ҷону равонро. Гар қобили фармонӣ, доно шавӣ, ар не Кардӣ ба ҷаҳаннам бадал аз ҷаҳл ҷинонро, Зинҳор ба тавфиқ баҳона накунӣ, з-он-к Мағрур надорӣ ба чунин хурд калонро. Бишнос, ки тавфиқи ту ин панҷ ҳавос аст, Ҳар панҷ ато з-Эзид мар-пиру ҷавонро: Самъу басару завқу шаму ҳис, ки бад-ӯ ёфт Ҷӯянда зи ноёфтани хайр амонро. Дидан зи раҳи чашму шунидан зи раҳи гӯш, Бӯй аз раҳи бинӣ, чу маза кому забонро. Панҷум зи раҳи даст ба совиш, ки бидонӣ Нармиву дуруштӣ, чу зи хаз хори халонро Маҳсус бувад, ҳарчи дар ин панҷ ҳис ояд, Маҳсус мар-инро дон, маъқул ҷуз онро. Ин панҷ дари илм, бидон, бар ту кушоданд, То бозшиносӣ ҳунару айби ҷаҳонро. Аҷсом зи аҷрому латофат зи касофат, Тадвири заминрову тадовири замонро. Аркону маволид бад-ӯ ҳастӣ доранд, Таъсир басе машмар дар вай ҳадасонро. Инро, ки ҳамебинӣ аз гармию сардӣ, Аз таррию хушкию заифиву тавонро.